Қарзи ХБА ба Тоҷикистон барои таъмини суботи иҷтимоиву иқтисодӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини суботи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дар шароити ҳозираи буҳронӣ аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) қарзи дарозмуҳлати имтиёзнок гирифтанист. “Дар ин самт мо бо ХБА гуфтушунид дорем ва умедворем, ки ба наздики ин кумаки молиявиро дастрас мекунем”, – хабар дод имрӯз ба журналистон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Душанбе. Вазир дар бораи ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини суботи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дар шароити ҳозираи буҳронӣ аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) қарзи дарозмуҳлати имтиёзнок гирифтанист.

“Дар ин самт мо бо ХБА гуфтушунид дорем ва умедворем, ки ба наздики ин кумаки молиявиро дастрас мекунем”, – хабар дод имрӯз ба журналистон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Душанбе.

Вазир дар бораи ҳаҷми кумак чизе нагуфт, аммо қайд кард, ки ин қарз ба муҳлати 10 сол бо давраи имтиёзноки 5-сола хоҳад буд.

“Ҳарчанд ин қарз бошад ҳам, он дарозмуҳлати имтиёзнок бо меъёри фоизи сифр аст”, – иброз дошт вазир.

Ӯ таъкид дошт, ки дар мавриди дастрас кардани кумаки молиявӣ Тоҷикистон имрӯз қариб бо ҳамаи ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ гуфтушунид дорад.

Вазири молия қайд кард, ки аксари ниҳодҳо аллакай ба ҷудо кардани кумаки молиявӣ баҳри муқовимат бо коронавирус дар саросари дунё изҳори омодагӣ карданд ва табиист, ки Тоҷикистон ҳам барои истифода аз он кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, барои ҳукумати Тоҷикистон дар вазъи ҳозира ҳифзи солимии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор мераванд.

Зикр шуд, ки айни замон муайянсозии чӣ қадар лозим будани маблағгузорӣ ба кишвар барои рафъи оқибатҳои буҳрони марбут ба коронавирус хеле душвор аст.

“Баҳри таъмини соҳаи тандурустӣ бо таҷҳизоту маводи тиббӣ ва дорувории зарурӣ, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба тадбирҳо меандешем. Табиист, ки ба кумаки созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ниёз дорем ва кӯшиш хоҳем кард, ки ба чунин маблағгузорӣ дастрасӣ пайдо кунем”, – афзуд вазири молия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.