Кормандони КҲФ як занро аз Сирдарё наҷот доданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як зани 53-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ин шаҳрванд аз шаҳраки Бӯстон ба қасди худкушӣ ба Хуҷанд омада, худро аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст.

“Наҷотбахшон худро ба об заданд ва бонуеро, ки мавҷи Сир қариб буд ба комаш кашад, ба соҳил оварданд, – омадааст дар хабари Кумита. – Ба ӯ аввалин ёрии тиббӣ расонида, ба ҳуш оварданд ва сипас ба бемористони маркази вилоят интиқол доданд”.

Бино ба хабари субҳи имрӯз расида, вазъи саломатии ӯ хуб буда, ба ҷонаш хатаре таҳдид намекунад.

Зикр мешавад, ки ин хонум то ҳол сабаби қасди ҷони худ карданашро шарҳ надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.