Кормандони КҲФ як занро аз Сирдарё наҷот доданд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як зани 53-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ин шаҳрванд аз шаҳраки Бӯстон ба қасди худкушӣ ба Хуҷанд омада, худро аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст. “Наҷотбахшон худро ба об заданд ва бонуеро, ки мавҷи Сир қариб буд ба комаш кашад, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як зани 53-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ин шаҳрванд аз шаҳраки Бӯстон ба қасди худкушӣ ба Хуҷанд омада, худро аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст.

“Наҷотбахшон худро ба об заданд ва бонуеро, ки мавҷи Сир қариб буд ба комаш кашад, ба соҳил оварданд, – омадааст дар хабари Кумита. – Ба ӯ аввалин ёрии тиббӣ расонида, ба ҳуш оварданд ва сипас ба бемористони маркази вилоят интиқол доданд”.

Бино ба хабари субҳи имрӯз расида, вазъи саломатии ӯ хуб буда, ба ҷонаш хатаре таҳдид намекунад.

Зикр мешавад, ки ин хонум то ҳол сабаби қасди ҷони худ карданашро шарҳ надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.