Аз хостели муҳоҷирон дар наздикии Петербург 10 сироятёфтаи коронавирус бистарӣ шуданд

Дар 10 нафар бошандагони хостел (хобгоҳ)-и ғайриқонунӣ дар шаҳраки Новосергиевки вилояти Ленинград сирояти коронавирус тасдиқ шудааст. Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, хостели ғайриқонунӣ дар ҷараёни рейди кормандони Роспотребнадзор, Кумитаи тафтишот ва мақомоти пулис ошкор шуда, дар он муҳоҷирони корӣ зиндагӣ мекардаанд. “Бале, 10 ҳолати сироятро тасдиқ мекунем. Дар ин ҷо ҳамагӣ 472 кас иқомат карда, ба […]

Asia-Plus

Дар 10 нафар бошандагони хостел (хобгоҳ)-и ғайриқонунӣ дар шаҳраки Новосергиевки вилояти Ленинград сирояти коронавирус тасдиқ шудааст.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, хостели ғайриқонунӣ дар ҷараёни рейди кормандони Роспотребнадзор, Кумитаи тафтишот ва мақомоти пулис ошкор шуда, дар он муҳоҷирони корӣ зиндагӣ мекардаанд.

“Бале, 10 ҳолати сироятро тасдиқ мекунем. Дар ин ҷо ҳамагӣ 472 кас иқомат карда, ба коронавирус гирифтор шудани боз 10 муҳоҷир ҳоло номаълум аст. Аз ҳама маводи биологӣ гирифта мешавад”, – хабар додаанд ба ТАСС аз хадамоти матбуоти ҳукумати минтақа.

Тибқи маълумоти ТАСС, хостел ба карантин баста шуда, молики он уҳдадор шудааст, ки бошандагонро бо ғизо ва лавозимоти мавриди ниёзи аввал таъмин кунад.

Губернатори вилоят Александр Дрозденко дастур додааст, ки ҳамаи ҷойҳои зисти серодам – ҳамаи хостелу хобгоҳҳо санҷида ва тамизкорӣ (дезинфексия) шаванд.

https://www.youtube.com/watch?v=zQHho0NKdlY

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти охир, дар вилояти Ленинград ҳамагӣ 155 нафар сироят гирифта, 5 кас шифо ёфтаанд.

Аз сафорати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки айни замон онҳо ба муайян кардани ҳузур доштани шаҳрвандони мо байни ин муҳоҷирон машғуланд.

“Ҳозир дар Русия сироятёбии оммавӣ аз коронавирус ҷараён дорад ва аз ин рӯ, муайян кардани шаҳрвандӣ ва ҷойи кори бемор хеле душвор аст. Мо бо муҳоҷирон ва муассисаҳои соҳавӣ дар тамос буда, кӯшиш дорем, ки ба шаҳрвандонамон кумак кунем”, – қайд карданд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, тавре сомонаи иттилоотии Tajinfo хабар медиҳад, дирӯз шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони сироятёбӣ аз коронавирус аз қатораи самти Маскав – Владивосток дар вокзали шаҳри Екатеринбург фаровардаанд.

Аз ӯ фавран ташхис ба COVID-19 гирифта шуда, табибон ҳамаи мусофирони вагон ва роҳбаладонро муоина ва вагон тамизкорӣ (дезинфексия) шудааст.

Мувофиқи маълумоти гуногуни худи муҳоҷирон, беш аз 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо коронавирус дар беморхонаҳои Русия бистарианд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.