Эмомалӣ Раҳмон 6 нафар аъзои Маҷлиси миллиро таъин кард

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15-уми апрел бо фармони худ 6 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашумро таъин кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мувофиқи ин фармон шахсони зерин аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ таъин шуданд:

Фарҳод Рахимӣ – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Ҳусния Раҷабзода – раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ;

Ҳасан Дӯстзода – раиси ноҳияи Нуробод;

Низом Қосим – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

Мақсудалӣ Умарализода – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;

Бурҳониддини Ҷабборӣ – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд.

Боз ду нафар аъзои Маҷлиси миллиро президент ҳоло таъин накардааст.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 33 нафар аъзо иборат аст. 25 нафари онҳо тариқи овоздиҳӣ дар маҷлисҳои муштараки вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ интихоб шуда, 8 нафари дигарро президент таъин мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи тасдиқи протоколҳои 5 ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд:

аз ҳавзаи бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1:

Файзов Ёдгор Доёрович – раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон – раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Додхудо Фаррух Муборакшо – раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Мирзозода Мусо Одинамуҳамад – раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Қонунзода Шодигул Худобахш – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон».

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Суғд №2:

Аҳмадзода Раҷаббой – Раиси вилояти Суғд.

Набизода Мадина Раҳмат – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон».

Ҳакимова Карима Муқимовна – сартабиби беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара.

Мӯъминова Фирӯза Исроиловна – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан.

Шукурзода Мурод Ҷӯра – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент.

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон №3:

Ҳакимзода Қурбон – раиси вилояти Хатлон.

Одилзода Дилбар Раҳим – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб».

Одиназода Бозоралӣ Неъмат – раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон.

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон.

Шоиддинов Файзиддин Таваккалович – директори Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Т.Улҷабоев.

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе № 4:

Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе.

Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ – ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Одилбекова Лола Қиёбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5:

Хоҷазода Фарзона Ҳаким – муовини раиси шаҳри Ваҳдат.

Акрамзода Рустам – раиси ноҳияи Рӯдакӣ.

Ҷумъазода Шарифҷон – раиси шаҳри Ҳисор.

Вализода Абдуқодир Исуф – раиси шаҳри Турсунзода.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода – раиси ноҳияи Рашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...