Дар Хатлон 468 нафар таҳти карантин қарор доранд

Айни замон дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар 312 нафар шаҳрвандони аз хориҷа ба Ватан баргашта ва нафароне, ки бо онҳо дар алоқа буданд, таҳти карантин қарор доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода иттилоъ дод. “Як соҳибкори маҳаллӣ таъмини севақтаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Айни замон дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар 312 нафар шаҳрвандони аз хориҷа ба Ватан баргашта ва нафароне, ки бо онҳо дар алоқа буданд, таҳти карантин қарор доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода иттилоъ дод.

“Як соҳибкори маҳаллӣ таъмини севақтаи ғизои шахсонеро, ки дар ин беморхона ба карантин гирифта шудаанд, ба уҳда гирифт. Аз ҳисоби ин соҳибкор барои онҳо хӯроки гарм, мевагӣ ва маводи антисептикӣ дода мешавад”, – иброз дошт Раҷабзода.

Ба қавли ӯ, то 15-уми апрел 671 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷа ба вилояти Хатлон баргаштанд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин теъдод 203 кас бо анҷом ёфтани муҳлат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 468 нафар зери назорати карантинӣ қарор доранд.

“Мувофиқи нақша рӯзи 16-уми апрел аз беморхонаи сироятии Кӯлоб ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Бохтар 420 нафар шахсоне, ки аз Русия баргаштаву таҳти карантин қарор гирифтанд, ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд”, – гуфт сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон.

Дар шабакаи YouTube чанд рӯз қабл видеое нашр шудааст, ки дар он яке аз шаҳрвандони таҳти карантин қарордошта аз шароити будубош нақл мекунад.

Таҳиягари он мегӯяд, ки масъулини Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ҳар рӯз чанд маротиба ҳуҷраҳои хоб, роҳрав ва долонҳоро тоза карда, бо маводи махсус безарар мегардонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.