Дар Душанбе бо кумаки чиниҳо комбинати ордбарорӣ ба кор медарояд

Date:

Дар пойтахти Тоҷикистон баъд аз таъмиру навсозӣ бо кумаки мутахассисони Чин комбинати бузурги ордбарорӣ ба кор медарояд.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” корҳои сохтмону азнавсозӣ ва таҷҳизонидани бинои мавҷуда дар арафаи анҷомёбист.

“Бо назардошти мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ҷамъият ҳамкории судмандро бо ширкати чинии «COFCO Engineering & Technology Co., Ltd.»-ро, ки ба гурӯҳи ширкатҳои «COFCO Group» дохил мешавад, ба роҳ монд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, айни замон  таҷҳизот пурра насб гардида, баъд аз даъвати мутахассисон аз Чин қисми идоракунии автоматикунонии хатти технологӣ барномасозӣ ва корхона ба истеҳсоли орди гандумӣ пурра омода карда мешавад.

“Иқтидори истеҳсолии корхона 400 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз, иншооти нигаҳдории гандум – 12 ҳазор тонна ва гандуми тоза – 3,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад”, –  қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки баъд аз пурра ба кор оғоз кардани корхона 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистонро корхонаҳои шимоли кишвар бо орд таъмин мекунанд. Онҳо гандумро аз Қазоқистон меоранд. Ҳамчунин аз ин кишвар ба Тоҷикистон орд ворид карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ арзиши орди гандуми навъи якум дар кишвар ба андозаи 4,1% боло рафт.

Айни замон дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи як халта орди навъи якуми вазнаш 50 кило то ба 250 сомонӣ расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...