Дар Душанбе бо кумаки чиниҳо комбинати ордбарорӣ ба кор медарояд

Дар пойтахти Тоҷикистон баъд аз таъмиру навсозӣ бо кумаки мутахассисони Чин комбинати бузурги ордбарорӣ ба кор медарояд. Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” корҳои сохтмону азнавсозӣ ва таҷҳизонидани бинои мавҷуда дар арафаи анҷомёбист. “Бо назардошти мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ҷамъият ҳамкории […]

Дар пойтахти Тоҷикистон баъд аз таъмиру навсозӣ бо кумаки мутахассисони Чин комбинати бузурги ордбарорӣ ба кор медарояд.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” корҳои сохтмону азнавсозӣ ва таҷҳизонидани бинои мавҷуда дар арафаи анҷомёбист.

“Бо назардошти мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ҷамъият ҳамкории судмандро бо ширкати чинии «COFCO Engineering & Technology Co., Ltd.»-ро, ки ба гурӯҳи ширкатҳои «COFCO Group» дохил мешавад, ба роҳ монд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, айни замон  таҷҳизот пурра насб гардида, баъд аз даъвати мутахассисон аз Чин қисми идоракунии автоматикунонии хатти технологӣ барномасозӣ ва корхона ба истеҳсоли орди гандумӣ пурра омода карда мешавад.

“Иқтидори истеҳсолии корхона 400 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз, иншооти нигаҳдории гандум – 12 ҳазор тонна ва гандуми тоза – 3,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад”, –  қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки баъд аз пурра ба кор оғоз кардани корхона 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистонро корхонаҳои шимоли кишвар бо орд таъмин мекунанд. Онҳо гандумро аз Қазоқистон меоранд. Ҳамчунин аз ин кишвар ба Тоҷикистон орд ворид карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ арзиши орди гандуми навъи якум дар кишвар ба андозаи 4,1% боло рафт.

Айни замон дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи як халта орди навъи якуми вазнаш 50 кило то ба 250 сомонӣ расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.