Вазорати тандурустӣ: Додситон аз зукоми А (H1N1) ва илтиҳоби шуш фавтид, на аз коронавирус

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ додааст, ки Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шуъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1) ва илтиҳоби дутарафаи шуш фавтидааст. Дар ӯ ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашудаст.

Номбурда 15-уми апрели соли равон нахуст дар Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (воқеъ дар назди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”) бистарӣ гардида, сипас бо сабаби вазнин шудани вазъи саломатияш 16-уми апрел ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе (воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон) интиқол дода шуд. Дар ин беморхона ба Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми А ва фарбеҳии дараҷаи 3 гузошта шуд.

“Мутаассифона, кӯшишу талоши табибон бо назардошти истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва дигар чораҳои иловагӣ натиҷа надода, номбурда нимаи аввали рӯзи 19-уми апрел фавтид. Бояд гуфт, ки аз Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси коронавирус гирифта шуда, натиҷаи он манфӣ баромад. Ба хотири чораҳои эҳтиётӣ айни замон тамоми пайвандони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ба карантин фаро гирифта шуда, вазъи саломатии онҳо хуб мебошад”, – маълумот додааст вазорат.

Дар идомаи хабар гуфта мешавад, чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ баромад. “Мутаассифона, ҳамаи ин беморони фавтида дар ҳолатҳои вазнин ба беморхонаҳо оварда шудаанд”, – навиштааст ин мақомот.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶИ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки дар ҳолати мушоҳида шудани аломатҳои таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина ва ғайра дар ҷисми худ фавран ба табиби оилавӣ ё минтақавии маҳалли зисташон занг зананд ва онҳоро ба хона даъват кунанд. Ва ё дар ҳолати омадани табибони оилавӣ дарди худро пинҳон надошта, ба онҳо аз вазъи саломатии худ ва аҳли оила ошкоро ҳарф зананд, зеро пинҳон доштани беморӣ ба ҳолатҳои фавт оварда мерасонад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз 1-уми феврал то имрӯз, 20-уми апрели соли равон 8212 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 7129 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1083 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

“Хушбахтона, то имрӯз дар нафарони ба карантин фаро гирифташуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст”, – таъкид кардааст вазорат. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...