“Ҷаҳон бемор аст”. Суруди дуюм дар Тоҷикистон доир ба коронавирус

Ин сурудро овозхони тоҷик Эркин Одинаев бар матни шоири ҷавон Саид Ризо сароид. Эркин Одинаев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои ба оҳанг даровардани шеър як рӯз вақт сарф шуда, таҳияи клип (намоҳанг)-и он муддати зиёдтар – 4 рӯзро дар бар гирифт. “Ин тарона ба бародарони муҳоҷири мо, ки дар Русия кор мекунанд ва ҳамаи ҳамватанон дар […]

Asia-Plus

Ин сурудро овозхони тоҷик Эркин Одинаев бар матни шоири ҷавон Саид Ризо сароид.

Эркин Одинаев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои ба оҳанг даровардани шеър як рӯз вақт сарф шуда, таҳияи клип (намоҳанг)-и он муддати зиёдтар – 4 рӯзро дар бар гирифт.

“Ин тарона ба бародарони муҳоҷири мо, ки дар Русия кор мекунанд ва ҳамаи ҳамватанон дар гӯшаву канори дунё бахшида шудааст, то ки Худо ба онҳо меҳрубонӣ карда, моро аз ин вирус эмин нигоҳ дорад. Умедворам, ки коронавирус ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон роҳ намеёбад”, – гуфт сароянда.

Дар муддати панҷ рӯз ин намоҳангро беш аз 225 ҳазор маротиба тамошо карданд.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш ҳунармандони шимоли ҷумҳурӣ ба шеъри шоираи шинохта Фарзона дар бораи коронавирус таронаеро сароида буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.