Маҳдудият барои нақлиёти гаронвазн дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Asia-Plus

Шурӯъ аз 1-уми май дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, ки минтақаи шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ мешаванд.

Тавре маркази матбуоти филиали IRS дар Тоҷикистон хабар медиҳад, маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Аз соати 10:00 то 20:00 ҳаракати ин навъи нақлиёт дар роҳ манъ карда мешавад.

“Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати ҶТ «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад”, – қайд мешавад дар маълумоти ширкат.

Гуфта мешавад, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нашудани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд ва зарурати таъмири кулли аксар минтақаҳои роҳ ба миён омадааст.

Зикр мешавад, ки чунин иқдом на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксари мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...