Фавти боз як нафар аз илтиҳоби шуш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд шаби аз 20 ба 21-уми апрел боз як нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев хабар дод, Абдухалил Ҷӯрабоев, сокини 56-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов дар беморхонаи Ғӯлакандоз аз илтиҳоби шуш (пневмония) фавтидааст.

“Муддати 4-5 рӯз бо таби баланд дар хона будааст. Рӯзи 13-уми апрел ба табибон муроҷиат карда, 14-уми апрел дар беморхонаи Ғӯлакандоз ба карантин гирифта шуд. Аз 15-уми апрел ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст шуда буд. Соати 00.10-и шаби 21-уми апрел фавтид”, – иброз дошт Маъруф Ҳоҷибоев.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор дошт, ки Абдухалил Ҷӯрабоев аз бемории роҳҳои нафас азият кашида, дигар бемориҳои кӯҳна низ дошт ва моҳи апрели соли 2019 ҷарроҳӣ шуда буд.

Вай афзуд, ки марҳум Абдухалил Ҷӯрабоев ба хориҷи кишвар сафар накарда буд.

“Давоми 3 моҳи соли 2020 дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 24 кас аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 17 нафар баробар буд”, – қайд кард Ҳоҷибоев.

Ба гуфтаи ӯ, санҷиши хона ба хонаи ҳамаи ҷамоату шаҳру ноҳияҳо оғоз шудааст. Зимнан дар касе ҳатто агар шакли сабуки бемориии роҳҳои нафас ошкор шавад, ӯро бистарӣ карда, боқимонда ба карантин гирифта мешаванд.

Зикр шуд, ки айни замон 687 нафар дар минтақаҳои карантини вилояти Суғд қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.