Оғози кори шуъбаи махсуси карантинии ВКД дар Душанбе

Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи мазкур Эраҷ Ҷӯрахонзода хабар дод, фаъолияти он рӯзи 20-уми апрел шурӯъ гардид. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории шуъба аз 15 нафар иборат буда, навъҳои гуногуни корҳои тозакуниву поккорӣ, аз ҷумла, безараргардонӣ (дезинфексия) ва чорабиниҳои нобуд кардани хояндаҳо – мушу калламуш […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи мазкур Эраҷ Ҷӯрахонзода хабар дод, фаъолияти он рӯзи 20-уми апрел шурӯъ гардид.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории шуъба аз 15 нафар иборат буда, навъҳои гуногуни корҳои тозакуниву поккорӣ, аз ҷумла, безараргардонӣ (дезинфексия) ва чорабиниҳои нобуд кардани хояндаҳо – мушу калламуш (дератизатсия)-ро анҷом медиҳанд.

“Корҳои безараргардонӣ дар дафтарҳои корӣ, муассисаву ташкилоту корхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ, манзилҳо ва дигар макон гузаронида мешаванд”, – гуфт ӯ.

Вай афзуд, ки барои анҷоми чунин корҳо шуъбаи карантинии милитсия бо мошину дастгоҳ ва таҷҳизоти махсус таъмин аст.

“Воситаҳои безараргардониро аз дорухонаҳои байторӣ мегирем. Пеш аз харидорӣ муҳлати амал, гувоҳномаи мол, кишвари истеҳсолкунанда ва санаи тайёр шудани онро месанҷем”, – қайд кард ӯ ва таъкид дошт, ки дар ду рӯзи аввал аз корхонаҳо барои гузаронидани безараргардонӣ муроҷиат карданд.

Эраҷ Ҷӯрахонзода гуфт, ки хизматрасонии онҳо пулакӣ буда, безараргардонӣ 70 дирам барои 1 метри мураббаъ ва дератизатсия 90 дирам барои 1 метри мураббаъ нарх доранд.

Ҳамаи хоҳишмандони гузаронидани ин чораҳои пешгирӣ метавонанд бо телефони 93 922 37 86 ба шуъба муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ