Фавти боз як нафар аз илтиҳоби шуш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд шаби аз 20 ба 21-уми апрел боз як нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст. Тавре ба “Азия-Плюс” муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев хабар дод, Абдухалил Ҷӯрабоев, сокини 56-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов дар беморхонаи Ғӯлакандоз аз илтиҳоби шуш (пневмония) фавтидааст. “Муддати 4-5 рӯз бо таби баланд […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд шаби аз 20 ба 21-уми апрел боз як нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев хабар дод, Абдухалил Ҷӯрабоев, сокини 56-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов дар беморхонаи Ғӯлакандоз аз илтиҳоби шуш (пневмония) фавтидааст.

“Муддати 4-5 рӯз бо таби баланд дар хона будааст. Рӯзи 13-уми апрел ба табибон муроҷиат карда, 14-уми апрел дар беморхонаи Ғӯлакандоз ба карантин гирифта шуд. Аз 15-уми апрел ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст шуда буд. Соати 00.10-и шаби 21-уми апрел фавтид”, – иброз дошт Маъруф Ҳоҷибоев.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор дошт, ки Абдухалил Ҷӯрабоев аз бемории роҳҳои нафас азият кашида, дигар бемориҳои кӯҳна низ дошт ва моҳи апрели соли 2019 ҷарроҳӣ шуда буд.

Вай афзуд, ки марҳум Абдухалил Ҷӯрабоев ба хориҷи кишвар сафар накарда буд.

“Давоми 3 моҳи соли 2020 дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 24 кас аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 17 нафар баробар буд”, – қайд кард Ҳоҷибоев.

Ба гуфтаи ӯ, санҷиши хона ба хонаи ҳамаи ҷамоату шаҳру ноҳияҳо оғоз шудааст. Зимнан дар касе ҳатто агар шакли сабуки бемориии роҳҳои нафас ошкор шавад, ӯро бистарӣ карда, боқимонда ба карантин гирифта мешаванд.

Зикр шуд, ки айни замон 687 нафар дар минтақаҳои карантини вилояти Суғд қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ