Фавти 3 ноболиғ дар ноҳияи Ҷайҳун аз истеъмоли занбурӯғ

Дар ноҳияи Ҷайҳун 3 ноболиғ аз як хонавода баъд аз истеъмоли занбурӯғ заҳролуд шуда, дар беморхона фавтиданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, рӯзи 14-уми апрел чаҳор ноболиғ – Нигорамоҳ Ҳомидоваи 10-сола, Нозанини 7-сола, Басонати 6-сола ва Рустамҷони 2-сола дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи мазкур бо аломатҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ карда шуданд. “Аз рӯйи […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷайҳун 3 ноболиғ аз як хонавода баъд аз истеъмоли занбурӯғ заҳролуд шуда, дар беморхона фавтиданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, рӯзи 14-уми апрел чаҳор ноболиғ – Нигорамоҳ Ҳомидоваи 10-сола, Нозанини 7-сола, Басонати 6-сола ва Рустамҷони 2-сола дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи мазкур бо аломатҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ карда шуданд.

“Аз рӯйи нақли модари кӯдакон, онҳо рӯзи 14-уми апрел аз саҳро як коса занбурӯғ чида овардаанд ва аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки барояшон пухта бидиҳад. Модар барояшон занбурӯғро пухта додааст. Баъд аз истеъмоли он вазъи саломатии кӯдакон бад шуда, онҳоро ба беморхона интиқол додаанд”, – гуфт манбаъ. 

Ба қавли ӯ, пизишкон барои наҷоти кӯдакон чора андешиданд, вале 17-уми апрел Нигорамоҳ, 18-уми апрел Рустамҷон ва 19-уми апрел Нозанин вафот карданд.

Табибон ҳолати Басонат Ҳомидоваро айни замон муътадил арзёбӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ