Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон қариб 17% афзуд

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 16,9% афзуд. Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, давоми моҳҳои январ-марти соли 2020 дар кишвар ба маблағи наздики 6,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад. Чунин афзоиши назаррас […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 16,9% афзуд.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, давоми моҳҳои январ-марти соли 2020 дар кишвар ба маблағи наздики 6,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Чунин афзоиши назаррас аз ҳисоби зиёдшавии истихроҷ ва коркарди ашёи хом, инчунин истеҳсолу тақсими барқу газ ва гармӣ таъмин шудааст.

Дар саноати истихроҷ беш аз 90%-ро маъданҳои металлӣ, 4,3-ро ангишт, 1,3%-ро нафту гази табиӣ ва 3,8%-ро канданиҳои фоиданок ташкил медиҳанд.

Дар саноати коркард ҳудуди 32% ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ бо шумули нӯшокиҳо ва зиёда аз 31% ба истеҳсоли метал ва маснуот аз он рост меояд.

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли барқ дар кишвар наздики 5,2 млрд кВт-соат ва истеҳсоли гармӣ – 477 ҳазор гигакалорийро ташкил додааст.

Ба ин тариқ, ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 19,8% дар ҳамин давраи соли гузашта то ба 20,4% афзудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ