Оғози кори шуъбаи махсуси карантинии ВКД дар Душанбе

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи мазкур Эраҷ Ҷӯрахонзода хабар дод, фаъолияти он рӯзи 20-уми апрел шурӯъ гардид.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории шуъба аз 15 нафар иборат буда, навъҳои гуногуни корҳои тозакуниву поккорӣ, аз ҷумла, безараргардонӣ (дезинфексия) ва чорабиниҳои нобуд кардани хояндаҳо – мушу калламуш (дератизатсия)-ро анҷом медиҳанд.

“Корҳои безараргардонӣ дар дафтарҳои корӣ, муассисаву ташкилоту корхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ, манзилҳо ва дигар макон гузаронида мешаванд”, – гуфт ӯ.

Вай афзуд, ки барои анҷоми чунин корҳо шуъбаи карантинии милитсия бо мошину дастгоҳ ва таҷҳизоти махсус таъмин аст.

“Воситаҳои безараргардониро аз дорухонаҳои байторӣ мегирем. Пеш аз харидорӣ муҳлати амал, гувоҳномаи мол, кишвари истеҳсолкунанда ва санаи тайёр шудани онро месанҷем”, – қайд кард ӯ ва таъкид дошт, ки дар ду рӯзи аввал аз корхонаҳо барои гузаронидани безараргардонӣ муроҷиат карданд.

Эраҷ Ҷӯрахонзода гуфт, ки хизматрасонии онҳо пулакӣ буда, безараргардонӣ 70 дирам барои 1 метри мураббаъ ва дератизатсия 90 дирам барои 1 метри мураббаъ нарх доранд.

Ҳамаи хоҳишмандони гузаронидани ин чораҳои пешгирӣ метавонанд бо телефони 93 922 37 86 ба шуъба муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.