“Сомон Эйр” бо хатсайри махсус ба Италия ҳавопаймо фиристод

Ҳавопаймо имрӯз, 22-юми апрел аз Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба Италия парвоз кард. Дар ин бора як манбаъи муътамади “Азия-Плюс” хабар дод. “Соати 5:30 дақиқаи субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо хатсайри махсус парвоз кард, то ки 792 ҳазор дона ниқобҳои тиббиро ба шаҳри Веронаи Италия расонад. Тавре огаҳӣ ёфтем, қаблан корхонаи “Ҷавонӣ” дар вилояти […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҳавопаймо имрӯз, 22-юми апрел аз Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба Италия парвоз кард. Дар ин бора як манбаъи муътамади “Азия-Плюс” хабар дод.

“Соати 5:30 дақиқаи субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо хатсайри махсус парвоз кард, то ки 792 ҳазор дона ниқобҳои тиббиро ба шаҳри Веронаи Италия расонад. Тавре огаҳӣ ёфтем, қаблан корхонаи “Ҷавонӣ” дар вилояти Суғд ва ҶДММ “САТМ” (Италия) дар бораи истеҳсол ва таҳвили 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ бо Италия созиш ҳосил кардаанд. Онҳо қисман ба Италия бурда мешаванд”, – гуфт манбаъ.

Вай афзуд, ба ӯ маълум нест, ки ин ҳавопаймо шаҳрвандони дар Туркия дармондаи Тоҷикистонро бо худ меорад ё не.

Дар ҳамин ҳол, аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар доданд, ки ҳавопаймо дар Туркия фуруд намеояд.

“Ҳавопаймо мустақиман ба Итолиё парвоз мекунад”, – хабар доданд аз маркази матбуоти ин ширкат.

Ёдрас мекунем, чанде қабл шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар дармондаанд, ба унвони раисҷумҳур бо дархости кумак барои баргаштани онҳо ба ватан мактуб навиштанд. Дар нома қайд мешавад, ки онҳо чандин маротиба ба мақомоти марбутаи Тоҷикистон, ВКХ, сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат карданд, вале посух нагирифтанд.

Қобили зикр аст, ки 210 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия ва зиёда аз 90 тоҷикистонӣ дар Ҳиндустон дармондаанд. Ҳукумат мегӯяд, масъала мавриди баррасӣ қарор дорад, аммо кай анҷом додани парвози ҳавопаймо ба ин самтҳо номаълум аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ