Вазорати тандурустӣ фавти 4 касро аз илтиҳоби шуш дар Душанбе тасдиқ кард

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ имрӯз, 22-юми апрел бо нашри як хабар даргузашти 4 гирифтори илтиҳоби шуш дар беморхонаи Душанберо тасдиқ кард.

“Вақтҳои охир гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории пневмония дар Тоҷикистон авҷ гирифта, боиси фавти чанд нафар шудааст. Бо мақсади чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус вазорат тасмим гирифтааст, ки беморони илтиҳоби шуш ва дигар бемориҳои роҳҳои нафаскаширо дар як марказ бистарӣ карда, ба табобат фаро гирад. Айни замон ҳамаи ин беморон дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе “Якум Советский” бистарӣ мебошанд”, – омадааст дар ин хабар.

Бино ба иттилои сарвари Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе Хуршед Рустамзода, аз бегоҳии дирӯз то имрӯз, 22-юми апрел воқеан 4 нафари аз 60 то 73-сола аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Ду шахси фавтида сокинони шаҳри Душанбе, як нафар аз ноҳияи Варзоб ва як нафар аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Ин шахсон дар баробари илтиҳоби шуш, ҳамзамон бемории ишемикии дил, фишорбаландӣ, норасоии шадиди гурда, диабети қанди намуди 2 низ доштанд. Айни ҳол 3 бемори дигар дар ҳолати вазнин мебошанд. Ҳоло дар ин марказ 114 нафар муолиҷа мегиранд.

Қаблан зимни як ҷаласаи ситоди вазорат Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ гуфта буд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳамзамон ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш зиёд ба мушоҳида расид.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, соли 2019 шумораи гирифторӣ ба баъзе бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон чунин буд: зуком (грипп) – 9982 нафар, илтиҳоби шуш (пневмония) – 12802 нафар, ОРВИ – 350702 нафар, диққи нафас – 1293 нафар ва домана – 8 нафар.

“Яъне омори мазкур гувоҳи он аст, ки гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, илтиҳоби шуш ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд ҳангома сохт”, – навиштааст вазорат.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, аз ҷумла, пневмония дар миқёси ҷумҳурӣ давоми солҳои 2015 – 1798 нафар, 2016 – 1811 нафар, 2017 – 1335 нафар, 2018 – 1067 нафар ва дар соли 2019 – 1031 нафар фавтиданд.

“Чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуд, қабл аз фавт ба онҳо ташхиси коронавирус низ гузаронида шуда, натиҷаашон манфӣ баромада буд”, – таъкид кардааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...