Картошкаи “тиллоӣ”: ҳама умедворӣ ба ҳосили нав

Дар Тоҷикистон давраи камбуди картошка фаро расид. Картошкаи соли гузашта сарф шуда, ҳосили нав ҳоло нарасидааст. Азбаски сарҳад бастааст, воридоти картошка аз кишварҳои хориҷӣ тамоман қатъ шудааст ё ба миқдори хеле кам сурат мепазирад. Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон 92 кило дар як сол барои 1 нафар аст. Барои таъмини аҳолӣ дар як сол […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон давраи камбуди картошка фаро расид. Картошкаи соли гузашта сарф шуда, ҳосили нав ҳоло нарасидааст.

Азбаски сарҳад бастааст, воридоти картошка аз кишварҳои хориҷӣ тамоман қатъ шудааст ё ба миқдори хеле кам сурат мепазирад.

Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон 92 кило дар як сол барои 1 нафар аст. Барои таъмини аҳолӣ дар як сол истеҳсоли тақрибан 830 ҳазор тонна картошка зарур аст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, соли 2019 дар Тоҷикистон зиёда аз 994 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, яъне ҷумҳурӣ аҳолиашро мустақилона бо ин навъи сабзавот таъмин карда метавонад.

Гӯё ҳамин тавр аст. Аммо дар воқеият истеъмоли картошка сарикасӣ беш аз 130 кило дар як сол мебошад. Аз ин рӯ, онро аз дигар кишварҳо ворид мекунанд.

Коршиносони соҳа ва кишоварзон якчанд сабабҳои беҳад гароншавии нархи картошкаро дар мавсими имсола номбар карданд: мавҷуд набудани анборҳои зарурии нигаҳдорӣ (сардхонаҳо барои сабзавот), ҳангомаи беасос дар робита ба паҳншавии коронавирус, гароншавии хизматрасонии нақлиёт, ҳавои номусоид, камшавии киштзорҳои он, аз ҷумла, дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, фаъолияти начандон муассири “Тоҷикматлубот”, арзиши аслии баланди ин навъи сабзавот, қиматии нуриҳои минералии зарурӣ, камёфтии тухмии хушсифат ва ғайра.

Дилшод Музаффарзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, бо пайдо шудани картошкаи барвақтии ҳосили нав нархҳо ба ифоқа меоянд:

“Баъд аз чанд рӯз дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии дастаҷамъонаи картошкаи барвақтӣ ва дигар навъи сабзавот шурӯъ шуда, ба вазъ дар бозор таъсири мусбат мерасонад”.

Ба ақидаи ӯ, картошкаи нав, ки имрӯзҳо дар бозор бо нархи 10-12 сомонӣ фурӯхта мешавад, бояд ба наздикӣдар  бозору фурӯшгоҳҳо фаровон шавад.

Оилаҳои камбизоат алҳол аз харидани картошка даст кашидаанд.

Ҳамшираи шафқат Зайнура Мадумарова мегӯяд, захираи картошка як ҳафта пеш ба охир расида, дар оила имрӯзҳо ба истеъмоли кабудиву маснуоти макарон ва чакка гузаштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.