Қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” мавриди амал қарор мегирад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апред дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”-ро қабул кард. Муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода қайд кард, ки мутобиқи Конститутсияи кишвар, дар ҳамаи зинаҳои тафтишот ва суд ба ҳар кас ҳимояи судӣ, истифода аз химатрасонии адвокат аз лаҳзаи боздошт ва ёрии ҳуқуқӣ кафолат дода […]

Пайрав Чоршанбиев

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апред дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”-ро қабул кард.

Муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода қайд кард, ки мутобиқи Конститутсияи кишвар, дар ҳамаи зинаҳои тафтишот ва суд ба ҳар кас ҳимояи судӣ, истифода аз химатрасонии адвокат аз лаҳзаи боздошт ва ёрии ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, гирифтани ёрии ҳуқуқӣ бо кодексҳои мурофиавии ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.

Лекин, зикр кард Холиқзода, низоми ёрии ройгони ҳуқуқӣ, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат таъмин мешавад, ба такмил ниёз дорад ва дар ин робита лоиҳаи қонуни мазкур таҳия шудааст.

Муовини вазир мутмаин аст, ки қонуни нав механизми пешниҳоди ёрии ҳуқуқиро осонтар карда, мушкилоти мавҷударо дар ин самт бартараф месозад.

Ғайр аз ин, идома дод Холиқзода, қонун барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалии ба зимма гирифтаи Тоҷикистон қабул мешавад.

Ӯ дар бораи нигаронии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар робита ба дастнорас будани ёрии ройгони ҳуқуқӣ барои шахсони ниёзманд аз ҷониби давлат изҳори назар кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра бо зиёд кардани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.