Иҷозатномаи тотализатор, гаравхона, клубҳои букмекерӣ ва лото дар Тоҷикистон қимат мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул кард. Дар тағйироту иловаҳо афзоиши ҳаҷми маблағи иҷозатнома барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард) пешниҳод мешавад. Ин навъҳои фаъолият аз номгӯйи умумӣ хориҷ шуда, ба номгӯйи махсуси […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул кард.

Дар тағйироту иловаҳо афзоиши ҳаҷми маблағи иҷозатнома барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард) пешниҳод мешавад.

Ин навъҳои фаъолият аз номгӯйи умумӣ хориҷ шуда, ба номгӯйи махсуси намудҳои фаъолият, ки барои онҳо гирифтани иҷозатнома тақозо мешавад, дохил мегарданд.

Мувофиқи қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», барои баррасии ариза дар бораи додани иҷозатнома аз рӯйи навъҳои фаъолият дар номгӯйи умумӣ дар ҳаҷми 4 нишондиҳанда барои ҳисоб ва аз рӯйи навъҳои фаъолият тибқи номгӯйи махсус – 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷ ситонида мешавад.

Барои додани иҷозатнома аз рӯйи намудаҳои фаъолият тибқи номгӯйи умумӣ дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисоб боҷ ситонида мешавад. Ҳаҷми боҷ барои додани иҷозатнома аз рӯйи намудҳои фаъолият тибқи номгӯйи махсус аз ҷониби ҳукумат алоҳида барои ҳар як навъи фаъолият муайян хоҳад шуд.

Муҳлати амали иҷозатнома барои намудҳои фаъолият мувофиқи номгӯйи умумӣ – на камтар аз 5 сол ва намудҳои фаъолият тибқи номгӯйи махсус – на камтар аз 3 солро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.