Тоҷирони ВМКБ иҷораи нуқтаҳои фурӯшро 30% арзон карданд

Соҳибкорони шаҳри Хоруғ тасмим гирифтанд, ки нархи иҷораи нуқтаҳои фурӯши худро 30% поин мебаранд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Хоруғ хабар доданд, қарори поин бурдани нархи иҷораи нуқтаҳои фурӯш ташаббуси худи соҳибкорон аст. Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ҳолатҳо савдогарон маҳсулотро аз деҳқонон арзонтар харида, бо арзиши баландтар мефурӯшанд, ки боиси болоравии нархҳо дар бозор […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Соҳибкорони шаҳри Хоруғ тасмим гирифтанд, ки нархи иҷораи нуқтаҳои фурӯши худро 30% поин мебаранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Хоруғ хабар доданд, қарори поин бурдани нархи иҷораи нуқтаҳои фурӯш ташаббуси худи соҳибкорон аст.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ҳолатҳо савдогарон маҳсулотро аз деҳқонон арзонтар харида, бо арзиши баландтар мефурӯшанд, ки боиси болоравии нархҳо дар бозор мешавад.

“Бо назардошти ин ҳолат, бо дастури раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар бозори Хоруғ ва дигар бозорҳои вилоят барои деҳқонон гӯшаҳои махсус ташкил карда шуд. Дар онҳо кишоварзон маҳсулоти худро мустақилона бе миёнаравон фурӯхта метавонанд”, – қайд карданд дар ҳукумат.

Дар ҳамин ҳол, барои устувор нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар вилоят, бо супориши Файзов ситоди доимӣ таъсис дода шуд. Дар сурати нодида гирифтани огоҳӣ, нисбат ба соҳибкороне, ки бо истифода аз фурсат нархҳоро боло мебаранд, чораҳо андешида мешаванд. Онҳо ҷарима хоҳанд шуд.

“Айни замон нархҳо дар бозори Хоруғ мисли дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ боло мераванд ва намояндагони ситод баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чораандешӣ мекунанд”, – хабар доданд аз ҳукумати шаҳр.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ натанҳо дар ВМКБ, балки дар дигар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.