Дар беморхонаи Душанбе имрӯз аз илтиҳоби шуш якбора 4 нафар фавтиданд

Имрӯз, 22-юми апрел дар Маркази тиббии №1 (воқеъ дар маҳаллаи 1-ум Советский)-и шаҳри Душанбе якбора 4 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Маълумот дар бораи марги онҳоро сарвари беморхона Хуршед Рустамзода ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. “Мутаассифона, имрӯз 4 нафар беморони мо аз илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни фавтидагон аз 60-сола болост. Ҳамаи онҳо мардонанд”, – хабар дод […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз, 22-юми апрел дар Маркази тиббии №1 (воқеъ дар маҳаллаи 1-ум Советский)-и шаҳри Душанбе якбора 4 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд.

Маълумот дар бораи марги онҳоро сарвари беморхона Хуршед Рустамзода ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

“Мутаассифона, имрӯз 4 нафар беморони мо аз илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни фавтидагон аз 60-сола болост. Ҳамаи онҳо мардонанд”, – хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи Хуршед Рустамзода, ташхиси коронавирус дар ин 4 нафар мардони фавтида натиҷаи манфӣ нишон додааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре як манбаъи огаҳи “Азия-Плюс” хабар дод, айни замон беш аз 100 нафар бо илтиҳоби шуш дар ин беморхона бистариянд”.

“Се нафари онҳо дар ҳолати вазни қарор доранд”, – қайд кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи ситоди пешгирии коронавирус изҳор дошт,  ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва иттилооти Вазорати тандурустии кишвар, соли гузашта шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш 12 ҳазору 802 нафарро ташкил додааст. Аммо дар бораи шумори фавтидагон аз ин беморӣ маълумот дода нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.