Иқдоми деҳқонон барои коҳиши нархи картошка дар Хуҷанд

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Деҳқонони бозори марказии Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтаанд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон нархи картошкаро то 2 сомонӣ арзонтар пешниҳоди харидорон кунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд комиссияи махсус ташкил карда, нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро зери назорат гирифтаанд. 

Дар ин бора Абдуғанӣ Почоев, раиси ҷамъияти соҳибкорони бозори марказии Панҷшанбе иттилоъ дод. “Барои пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, хусусан, картошка дар моҳи шарифи Рамазон роҳбарияти бозори марказии Панҷшанбе, ки ба идораи “Тоҷикматлубот” дар шаҳри Хуҷанд вобаста мебошад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Аз соҳибкорон хоҳиш кардем, ки нархро арзон кунанд. Деҳқононе, ки дар бозор ҷой доранду ҳамавақт маҳсулоташонро оварда мефурӯшанд, иқдоми моро дастгирӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамарӯза то 2 тонна картошкаро бо арзишӣ 6 сомонӣ мефурӯшанд. Онҳо дар аввал 3 кас буданд ва ҳоло 9 нафар шуда, бо навбат маҳсулоташонро бо ин нарх ба фурӯш мегузоранд ”, – гуфт ӯ.

Деҳқонон дар се нуқтаи бозор ҷойгир шудаанд ва ҳар як харидор имкон дорад, ки то 5 кило картошка дастрас бикунад. Ин “лимит” бо мақсади ба шумораи бештари сокинон расидани картошка роҳандозӣ шудааст.

Шамсиддин Насриддинов аз ноҳияи Деваштич гуфт: “Ин картошка деҳқонӣ аст, мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон нархҳоро арзон кардем. Роҳбарияти бозор аз мо “чек” намегирад. Барои даровардани маҳсулот низ пул намегирад. Ман ду рӯз инҷониб то 2 тонна картошка фурӯхта истодаам”.

Дар дигар ҷойҳои ин бозор ва фурӯшгоҳҳои Хуҷанд нархи картошка то 8 сомонӣ буда, ҳамзамон картошкаи нав аз 8 то 10 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ҳоло дар бозори марказии Панҷшанбе нархи сабзӣ аз 1,5 то 2 сомонӣ, пиёз аз 2,5 то 3 сомонӣ, як халта орди 50 килоӣ аз 226 то 235 сомонӣ, 1 литр равған 13 сомонӣ, биринҷ аз 10 то 12 сомонӣ, биринҷи девзира аз 17 то 20 сомонӣ, тухм аз 80 то 90 дирам, гӯшти устухондор 45 сомонӣ ва гӯшти беустухон аз 60 то 63 сомонӣ, макарон аз 8 то 9 сомонӣ ва шакар аз 6,5 то 7 сомонӣ барои як кило арзиш доранд.

Абдуғанӣ Почоев гуфт: “Мо барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон ба раиси шаҳр мактуб навиштем, то ки барои роҳ додани деҳқонон ба майдони Регистон иҷозат диҳад. Ба тамоми хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру навоҳии вилоят муроҷиат кардем, то ин ки бо мошинҳои худ омада, маҳсулоташонро дар моҳи Рамазон бо нархи аз бозор арзонтар фурӯшанд. Аз онҳо таҳҷоӣ ва патент намегирем, мошинҳояшонро шабона посбонҳои мо нигоҳ мекунанд”.

Тавре мушоҳида кардем, баъд аз нисфирӯзӣ дар майдони Регистон як воситаи нақлиёт ба назар мерасид, ки нархи як кило сабзӣ дар он 1 сомонӣ буд. Ба иттилои масъулин, як мошин картошка ҳам мавҷуд буд, ки ҳар килояшро бо нархи 5,5 сомонӣ савдо мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber,

Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...