Боздошти гаравгонгири кӯдак дар Душанбе

Як ғоратгар дар пойтахт боздошт шудааст, ки кӯдакро гаравгон гирифта, 25 ҳазор доллар талаб кардааст. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини ноҳияи Шоҳмансур Дӯстмуроди Убайдуллои 19-сола дар рӯй ниқоб кашидаву бо корд мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии як сокини ҳамин ноҳия даромадааст ва кӯдаки хурдсоли хонадонро гаравгон гирифта, 25 ҳазор доллар талаб кардааст. Ӯ чун пай бурдааст, ки соҳибони […]

Аsia-Plus

Як ғоратгар дар пойтахт боздошт шудааст, ки кӯдакро гаравгон гирифта, 25 ҳазор доллар талаб кардааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини ноҳияи Шоҳмансур Дӯстмуроди Убайдуллои 19-сола дар рӯй ниқоб кашидаву бо корд мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии як сокини ҳамин ноҳия даромадааст ва кӯдаки хурдсоли хонадонро гаравгон гирифта, 25 ҳазор доллар талаб кардааст.

Ӯ чун пай бурдааст, ки соҳибони хона ин миқдор маблағ надоранд, ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гирифта, кӯдакро раҳо кардааст ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Номбурда ба хотири рӯйпуш кардани ҷиноят, ниқобу корд ва дигар ашёро дар ҷӯйи маҳалла партофта, нобуд кардааст.

Айни замон нисбат ба Дӯстмуроди Убайдулло мутобиқи моддаи 249 КҶ ҶТ (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.