Гумонбарии 2 корманди милитсияи Суғд ба қаллобӣ

Ду корманди Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба гирифтани пора барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад. Муфаттиши шуъбаи тафтишотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Баҳрулло Боқиев ва ваколатдори калони оперативии ҳамин Раёсат Солибой Солеҳзод моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ду корманди Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба гирифтани пора барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муфаттиши шуъбаи тафтишотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Баҳрулло Боқиев ва ваколатдори калони оперативии ҳамин Раёсат Солибой Солеҳзод моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Абдусамад Ҳоҷибоев барои нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 1000 доллари ИМА пора гирифтаанд. Ӯ гӯё бо роҳи дуздӣ аз Русия ба Тоҷикистон воситаи нақлиёт ворид кардааст. 

Гуфта мешавад, ки онҳо бо ҳамин тарзу усул аз шаҳрванд Шуҳрат Исҳоқов низ 9 ҳазор доллари ИМА талаб карда гирифтаанд.

Нисбат ба Боқиев ва Солеҳзод мутобиқи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии он идома дарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.