Вазорати тандурустӣ дар шарҳи сабаби марги омӯзгори яке аз литсейҳои пойтахт душворӣ кашид

Сабаби марги омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсей барои кӯдакони лаёқатманди №1 алҳол номаълум аст. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло натиҷаҳои ташхисро нагирифтаанд. Ду рӯз пеш дар Душанбе омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсейи №1 Хуршед Каримови 60-сола аз олам даргузашт. “Натиҷаҳои ташхис ба дастамон расад, дар ин бора ба ВАО хабар медиҳем”, – […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сабаби марги омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсей барои кӯдакони лаёқатманди №1 алҳол номаълум аст. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло натиҷаҳои ташхисро нагирифтаанд.

Ду рӯз пеш дар Душанбе омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсейи №1 Хуршед Каримови 60-сола аз олам даргузашт.

“Натиҷаҳои ташхис ба дастамон расад, дар ин бора ба ВАО хабар медиҳем”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои ВАО, рӯзи чоршанбе аз волидон дархост кардаанд, ки фарзандонашонро ба хонаҳо баранд ва литсей, ки дар он Каримов кор мекард, ба карантин бастаанд.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки дар литсей ҳеҷ гуна карантин нест ва дарсҳо идома доранд.

“Литсейе, ки дар он Хуршед Каримов дарс медод, бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Таҳсили хонандагон мувофиқи барномаи таълимӣ идома дорад”, – хабар дод котиби матбуотии вазорат Эҳсони Хушбахт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низ машғулиятҳо мувофиқи барномаи таълимӣ ҷараён доранд.

Корманди масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобоев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки марҳум Хуршед Каримов 60-сола буд.

“Дар ягон муассисаи таълимии кишвар карантин ҷорӣ нашудааст. Вазорат ҷиҳати пешгирии паҳншавии беморӣ ҳамаҷониба чора меандешад. Дар ҳамаи макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ, инчунин муассисаҳои томактабӣ меъёрҳои санитарӣ риоя мешаванд. Хонандагон ба машғулиятҳо бо ниқоби тиббӣ меоянд, доир ба тадбирҳои бехатарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд”, – иттилоъ дод ӯ.

Ӯ қайд кард, ки айни замон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии пойтахт корҳои безараргардонӣ (дезинфеския) гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.