Тақвими моҳи шарифи Рамазон

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукни Ислом аст. Аз имшаб дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мешавад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 18-уми апрел баргузории намозҳои ҷамоат – панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият манъ карда буд. Бароятон тақвими […]

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукни Ислом аст.

Аз имшаб дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мешавад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 18-уми апрел баргузории намозҳои ҷамоат – панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият манъ карда буд.

Бароятон тақвими моҳи шарифи Рамазони имсоларо пешкаш мекунем.

Шӯрои уламои ҷумҳурӣ мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закотро 21000 сомонӣ муқаррар кард, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад.

Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муайян гардид. Зимнан тавсия шуд, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.

Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2020 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.