Кӯшиши танзими нархгузорӣ дар бозорҳои Бадахшон

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бо мақсади роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссияи махсус таҳти сарварии муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов таъсис дода шудааст.

Дар ҳайати он намояндагони Раёсати рушди иқтисод ва савдо, стандартизатсия ва метрология, хадамоти зиддиинҳисорӣ, андоз, мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи вилоят, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят ва воситаҳои ахбор шомиланд.

Тавре  сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ Латиф Шозодаев иттилоъ дод, комиссия беш аз ду ҳафта фаъолият карда, гурӯҳи кории он қаблан бо соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят барои нигоҳ доштани нархи муътадили маҳсулоти ғизоӣ вохурӣ гузаронд. Зимнан ба онҳо огоҳномаҳо пешниҳод карда шуданд. Дар огоҳнома қайд гардидааст, ки дар сурати беасос боло бурдани нархи маҳсулоташон, нисбат ба фурӯшандагон аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонун чораҳои таъхирнопазир андешида хоҳанд шуд.

Айни ҳол ба мақсади роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо санҷишҳои гурӯҳи кории комиссияи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ВМКБ идома дорад. Маълум гардид, ки нархи хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал давоми чанд рӯз боло нарафтааст.

Дар ҳоле ки нархҳо дар дигар минтақаҳои кишвар боло рафтаанд, дар бозорҳои вилоят, алалхусус, шаҳри Хоруғ нархи маҳсулот аз қабили картошка барои ҳар кило 5,5 то 6 сомон, сабзӣ 2,5 сомонӣ, пиёз 5 сомонӣ, помидор 20 сомонӣ, бодиринг 12 сомонӣ, карам 3 сомонӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши пештара дар чаҳорчӯбаи нархномаҳои шуъбаи зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дар ВМКБ фурӯхта мешаванд.

Бо фурӯшандагони гӯшту шир дар бораи боло рафтани арзиши маҳсулоташон суҳбат доир шуда, барои дар сатҳи пешина – барои ҳар литр шир 5 сомонӣ ва барои ҳар кило гӯшт 44 сомонӣ нигоҳ доштани нархашон огоҳномаҳо дода шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо Раёсати андози вилоят барои дастгирии фурӯшандагон масъалаи паст кардани пардохти ҳаққи иҷораи ҷой дар бозор баррасӣ гардида, бо соҳибони мағозаҳо суҳбатҳо гузаронида шуданд. Масъалаи ташкили “Гӯшаи деҳқон” дар бозорҳо бори дигар мавриди муҳокимаи гурӯҳи корӣ қарор гирифта, таъмини он бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла, тавассути маслиҳату гуфтушунид бо кишоварзону соҳикорони минтақаҳои дигари кишвар нақшаҳои махсус таҳия шуданд.

Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҶТ барои танзими арзиши орд ҳамарӯза ба бозорҳо миқдори муайяни онро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш мебарорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...