Чораҳои пешгирии хатари вирус дар литсейи №1-и пойтахт

Литсейи рақами 1-и шаҳри Душанбе барои кӯдакони лаёқатманд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, овозаҳо дар бораи гӯё ба карантин баста шудани он асоси воқеӣ надоранд. Ҳамзамон дар ин муассиса чораҳои пешгирии сироят пурзӯр шудаанд: ҳангоми вуруд ба литсей ҳарорати бадан санҷида шуда, ба дастон антисептик мепошанд. Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Литсейи рақами 1-и шаҳри Душанбе барои кӯдакони лаёқатманд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, овозаҳо дар бораи гӯё ба карантин баста шудани он асоси воқеӣ надоранд.

Ҳамзамон дар ин муассиса чораҳои пешгирии сироят пурзӯр шудаанд: ҳангоми вуруд ба литсей ҳарорати бадан санҷида шуда, ба дастон антисептик мепошанд.

Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода изҳор дошт: “Тайи ҳафтаҳои охир ягон ҳолати бемор шудани омӯзгорон ё хонандагон ба қайд гирифта нашудааст. Тамоми омӯзгорон солиманд. Машғулиятҳо тибқи тартиб идома доранд”. 

Омӯзгори 59-солаи омодагии ҳарбии ин литсей рӯзи 14-уми апрел бинобар нотобӣ аз кор ҷавоб гирифт. Расо баъд аз як ҳафта ӯ дар беморхона вафот кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?