Абдуфаттоҳ Ҳотамов – бунёдгузори мактаби технократӣ

Моро нафаре тарк гуфт, ки дар раддабандии шахсиятҳои тақдирсоз ва таърихсози муосири миллат ӯро аз ҷумлаи 10-гонаи калидиҳо мешуморам. Бе муболиға. Бо устод Ҳотамов дӯстони наздик будем. Ман мутаассифона хатмкардаи Мактаби эшон набудам, аммо он чӣ, ки моро ба ҳам мепайваст, андешаву ҳадафҳоямон буд. То охирин лаҳзаҳои умрашон аз ҳоли ҳамдигар бохабар мешудем. Замоне вирус дар […]

Моро нафаре тарк гуфт, ки дар раддабандии шахсиятҳои тақдирсоз ва таърихсози муосири миллат ӯро аз ҷумлаи 10-гонаи калидиҳо мешуморам. Бе муболиға.

Бо устод Ҳотамов дӯстони наздик будем. Ман мутаассифона хатмкардаи Мактаби эшон набудам, аммо он чӣ, ки моро ба ҳам мепайваст, андешаву ҳадафҳоямон буд.

То охирин лаҳзаҳои умрашон аз ҳоли ҳамдигар бохабар мешудем. Замоне вирус дар Амрико хуруҷ кард, Устод бо ташвиш аз аввалинҳо шуда ба ман нома навиштанд, аммо барои мани ғариб марги бармаҳали эшон гайричашмдошт ва бисёр ғофилгир шуд…

Дӯстии мо таърихи 10-сола дорад. Ман яке аз фанатҳои Мактаби бузурги эшонам. Соли 2011 ҳатто кӯшиш кардем, дар Масчоҳ намояндагии онро боз намоем, аммо монеае пеши роҳ омад ва ин армон ҳанӯз дар дили ман боқист…

Натиҷаҳои бадастовардаи Мактаби Устод дар пешрафти илмҳои дақиқ инқилобиянд. Устод дар қуллае қарор доштанд, ки бо илмҳои дақиқ дигар “ту” гуфта ҳарф мезаданд. Ва ин мақом дар миқёси байналмилалӣ буд.

Соли 2018 зимни як вохӯриямон Устод бо хурсандӣ иброз доштанд, ки дар раддабандии донишҳои математикии олам Тоҷикистон дар мақоми 54-ум қарор дорад (аз бисёри кишварҳои минтақа пешсаф) ва ин натиҷа, аз ҷумла, бастагӣ дорад ба нишондиҳандаҳои олимпиадаҳои илмӣ, ки дар онҳо шогирдони Устод ҳамеша ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Устод дар ин самт воқеан бренди байналмилалии мо буданд!

Зимни яке аз суҳбатҳо эшон қисса карданд, ки аз шогирдонашон нафаре бо волидайн Грин-корт бурд намуда, ба Амрико омада буд, аммо баъди 6 моҳ ба Тоҷикистон баргашт. Зеро хонанда қазоват кардааст, ки дар хонаи бобову бибияш истода, ҳатман Мактаби Ҳотам ва П.В-ро бояд хатм намояд. Устод аз ин интихоби шогирди худ кӯдаквор меболиданд…

Дар суҳбати охирон ба Устод гуфтам, ки оё ягон шогирди бағайрат доред, то дар оянда барои Амрико гузинаи онлайнии мактабатонро таҳия намоем? Марҳум бо итминон посух доданд, ки ҳама шогирдони ман бағайратанд! Ва ба ман пешниҳод ҳам намуданд, то ба ширкатҳои бузурги технологӣ дар якҷоягӣ мунтазам нома навишта, итиминони яке аз онҳоро ба даст орем, то як маркази бузурги таҳияи барномаҳоро дар базаи Литсейи эшон дар Тоҷикистон асос гузоранд. Воқеан, Устод тайи чанд соли ахир барои ин кори бузург замина гузошта буданд. Ҳатто вақте соли гузашта яке аз дӯстони фаронсавиям Адриан Ҳеннӣ, ки тасмим дошт барномарезони ҷавони тоҷикро ба таври outsors ҷиҳати таҳияи барномаҳо ба ширкатҳои бузурги хориҷӣ барои ҳамкорӣ ҷалб намояд, Устод чандон моил нашуданд. Эшон гуфтанд, вақте шогирдони ман аз инҷо истода, барои дигарон кор мекунанд, манфиаташон барои Тоҷикистон камтар мерасад (ҳарчанд воридсозии асъори хориҷӣ ҳамчун ҳаққулзаҳмат худ корест басо бузург). Вале ба андешаи Устод, вақте, фарзи мисол, ширкати Microsoft яке аз марказҳои таҳияи барномаҳояш (Центр разработок)-ро дар Тоҷикистон таъсис медиҳад, ба ин восита метавон ба иқтисоди кишвар маблағҳои хеле бузург ворид намуд ва ҳам имидҷи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Дарвоқеъ, ҳадафи хеле муҳиме, ки Устод тайи солҳои ахир пайгирӣ менамуданд, ин таъсиси Институти илмие дар базаи Литсеяшон буд. Эшон мегуфтанд, мо бо машаққат шогирдонро тарбия мекунем, аммо пас аз хатми мактаб барои таҳсил ба хориҷ, ки рафтанд, онҷо фаъолиятро оғоз менамоянд; агар инҷо Институт медоштем, шогирдон таҳсили олиро дар Ватан идома дода, дар базаи он корҳои илмиву амалӣ анҷом менамуданд ва ҳама зарфияти худро баҳри пешрафти Ватан равона месохтанд.

Устод воқеан як Ватандӯсти поку беолоиш буданд. Шояд яке аз аввалинҳо ва аз камтаринҳое буданд, ки баҳри ояндаи миллат чунин фикрҳои бунёдӣ ва хеле дурбинона доштанд.

Устод соҳибмактаб буданд, соҳибмактабе дар ҷойгоҳи як Академики воқеӣ ва мардумӣ!

Ман ҳамеша андеша доштам, ки инсон пеш аз оне, ки бимирад (новобаста аз синну сол), рисолати ӯ ба поён мерасад, аммо дар мисоли марги ҷуброннопазири Устод Ҳотамов мебинам, ки ӯ дар ибтидои роҳ қарор дошт ва барои амалӣ кардани нақшаҳои бузургтар камари ҳиммат баста буд. Нав ба камоли таҷрибаву шахсияти комили худ расида буд. Медонам, ки аз худ Мактаби бузурге ба мерос гузоштаанд, аммо оё он ҳадафҳои глобалии ӯ инак бе ҳузури эшон амалӣ мешуда бошанд? Зеро дар “колибра”-и андеша, биниш ва амалкард ӯ ки беҳамто буд… Аммо умед бар он дорем, ки шогирдони бағайрати эшон корҳои бузурги нотамоми Устодро ба сомон расонида тавонанд.

Бо Устод ҳамсуҳбат шудан бароям як кайфияте дошт, зеро эшон ҳамеша дар баёни андеша бикр буданд.

Эҳтироми хоссаи ман ба Устод аз он ҷиҳат буд, ки барои чунин андешаҳо Устод биниш ва барномаи мушаххаси амал хам доштанд.

Ҳарчанд умр вафо накард, аммо роҳе, ки Устод ҳамвор карданд, барои ояндаи ин миллат метавонад ҳамчун шоҳроҳи бурунрафт аз бунбаст хидмат намояд. Зеро ояндаро технократҳо месозанд ва мактаби Устод худ як мактаби технократӣ буд.

Аз Худованд умедворем, ки макони охирати Устодро обод карда бошад, зеро марҳум бо амалҳои нек дунёи моро обод карда рафтанд…

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.