БҶ: “Дар Тоҷикистон касри буҷет афзуда, маблағгузорӣ ба хароҷот кам мешавад”

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

 “Хуруҷи COVID-19 ва хавфҳо барои рушд дар Русия – сарчашмаи асосии интиқоли пули муҳоҷирон ба бадшавии назарраси сохтори макромолиявӣ боис гардид”, – гуфта мешавад дар Пешгӯйии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 27-уми апрел интишор шуд.

Муаллифони гузориш интизор доранд, ки дар натиҷаи хуруҷи коронавирус ва сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва Чин, имсол рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 1,7% ва пасттар аз он коҳиш меёбад.

“Ин оқибатҳо аз босуръат поинравии ҳаҷми савдо ва пастшавии нарх ба ашёи хом, коҳиши имконпазири интиқоли пул ва бад шудани дурнамои рушд барои соҳаҳои нақлиёт ва сайёҳӣ иборат хоҳанд буд”, – таъкид мешавад дар пешгӯйӣ.

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки бо ҳамин сабабҳо имсол касри буҷет афзуда, имкони маблағгузории ҳаҷми зиёди хароҷот аз ҷониби ҳукумат маҳдуд мешавад.

Ҳамзамон сатҳи камбизоатӣ дар соли 2020 метавонад аз поинравии 29,5% дар соли 2017 то 27,4% дар соли 2018 начандон назаррас тағйир ёбад.

“Ҳукумат бо роҳи тавсеаи кумаки таъинотии иҷтимоӣ ба минтақаҳое, ки айни замон ба ин барнома фаро гирифта нашудаанд, метавонад сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳад ва ба хотири ҷуброн ба хонаводаҳо дар робита ба болоравии тарифҳо ба хизматрасонии коммуналӣ дар доираи кумаки таъинотии иҷтимоӣ пардохтҳоро зиёд кунад”, – илова кардаанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...