Шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба ватан бармегарданд

Asia-Plus

Росавиатсия то рӯзи 5-уми май ҷадвали пешакии парвози ҳавопаймоҳоро аз кишварҳои хориҷа барои баровардани шаҳрвандонаш пешниҳод кард. Дар ҷадвал хатсайрҳо аз Тел-Авив, Рим, Бангкок ва Шанхай зикр шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 30-юми апрел ду парвоз аз пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ширкати “Сибирь” аз Душанбе ба Новосибирск ва ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба шаҳрҳои Сургут ва Екатеринбург парвозҳо анҷом медиҳанд.

Рӯзи 3-юми май парвози ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба Маскав барои баровардани шаҳрвандони Русия дар назар аст.

Ин маълумотро сафорати Русия дар Тоҷикистон интишор кард:

“Ёдрас мекунем, ки ба ин хатсайрҳо танҳо он ишаҳрвандони Русия роҳ дода мешаванд, ки намунаи варақаро дар портали “Госуслуги” пур кардаанд (маълумоти муфассал дар сомонаи сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 14-уми апрели соли 2020 – https://goo.su/0Wqw)”, – қайд мешавад дар маълумоти намояндагии дипломатии Русия.

Дар маълумот ҳамчунин зикр шудааст, ки парвоз тариқи ин хатсайрҳо бо дастрасии иҷозаи мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон сурат мепазирад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари пандемияи коронавирус Русия аз 27-уми март иртиботи мунтазами ҳавоиро бо кишварҳои дигар қатъ кард. Танҳо аз хориҷа баровардани сайёҳони русиягӣ истисност. Аз 31-юми март шумори хатсайрҳо барои аз хориҷа баргардонидани шаҳрвандон кам шуда, шумори мусофирон маҳдуд шуд. Аз аввали моҳи апрел якчанд рӯз баргардонидани шаҳрвандон қатъ гардида, аз 6-уми апрел ин гуна парвозҳо барқарор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...