«Беморӣ моро ғофилгир кард». Сироятёбии кормандони Бемористони Ибни Сино

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Чанде аз кормандони Бемористони Ибни Сино ба бемории сироятие, ки дар кишвар паҳн мешавад, гирифтор шудаанд. Дар ин бора раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода дар саҳифааш дар Facebook хабар додааст.

“Бемории вогире, ки дар  кишвари мо шуюъ кард, мутаассифона, ҳатто мо, кормандони риштаи  тибро ғофилгир намуд. Чанд нафар аз кормандони Бемористони Ибни Сино низ ба ин беморӣ  мубтало шуданд ва дар ҳоли ҳозир зери муроқибат қарор доранд. Умедворам, ба зудӣ сиҳат ёбанд ва сари кор  баргарданд”, – навиштааст Холиқзод.

Ӯ қайд мекунад, ки мудирияти Бемористони Ибни Сино басуръат дармонгоҳро барои қабули маризони уфунӣ (сироятӣ) омода сохта, ин омодагиҳо сар аз таъмини васоили ҳифзи шахсии кормандон то бозсохти таъминотӣ ва таъсисотиро дар бар мегиранд.

“Хушбахтона, дар ҳоли ҳозир бемористонҳои таъсисдодаи Вазорати беҳдошт тахтҳои кофӣ барои қабули ин беморон доранд. Мо ният дорем, ки аз аввали ҳафтаи оянда, рӯзи 4 май ҳамаи омодагиҳоро барои қабули беморони уфунӣ ба сомон расонем ва агар Вазорати тандурустӣ лозим донад, мо низ ба қабули беморони сироятӣ оғоз хоҳем кард”, – навиштааст Абдухалил Холиқзод.

Аммо дар навиштаи ӯ аз кадом ангезанда сироят ёфтани кормандони бемористон, паҳншавии кадом беморӣ дар кишвар ва ба қабули чӣ гуна беморон омода шудани онҳо маълумот дода нашудааст.

Тибқи иттилооти расмӣ, дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда, лекин мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори беморони илтиҳоби шуш (пневмония) дар кишвар меафзояд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки беморхонаҳои қабули шахсони гирифтор ба илтиҳоби шуш дар Душанбе аз имкон зиёдтар пур шудаанд. Чунин хабарҳо аз минтақаҳо низ мерасанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе мавсум ба “1-ум Советский” то 27-уми апрел 319 нафарро ба гумони мубталоӣ ба сирояти бемории илтиҳоби шуш қабул кардааст, ки 136 нафарашон кормандони соҳаи тиб мебошанд. То он рӯз дар бемористони мазкур 11 нафар вафот кардаанд.

Қаблан Вазорати тандурустӣ дар бораи якчанд ҳолатҳои фавти одамон дар минтақаҳои карантин аз бемории илтиҳоби шуш ва сил хабар дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...