Фавти корманди беморхонаи Бохтар, ки дар он шаҳрвандон ба карантин гирифта шудаанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як корманди беморхонаи шаҳри Бохтар шоми 12-уми апрел аз бемории сил фавтидааст. Ӯ дар беморхонае, ки он ҷо шаҳрвандони аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшуда дар карантин қарор доранд, фаъолият мекард. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст.

“Шоми 12-уми апрел, соати 21:30 корманди Беморхонаи марказии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар Алимова Оишамоҳ, соли таваллудаш 1962 бо ташхиси сили иртишоҳи қисми мобайнии ҳар ду шушҳо (инфильтративный туберкулёз), гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид”, – иттилоъ медиҳад вазорат.

“Таъкид кардан бамаврид  аст, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани сирояти коронавирус дар мамлакат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард,  зеро ба ҳеҷ ваҷҳ пинҳон нигоҳ доштани ин сироят ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд”, – изҳор доштааст ин мақомоти давлатӣ.

Вазорати мазкур дар идомаи хабар навиштааст: “Азбаски вақтҳои охир дар муассисаҳои карантинии мамлакат фавти беморон бо ин ё он беморӣ ба қайд гирифта шуда истодааст, мутаассифона, як гурӯҳ ҳангомаҷӯён фавти онҳоро ба сирояти коронавирус мансуб медиҳанд. Айни замон, ки мавсими баҳор аст ва хуруҷи ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла, бемории зуком ва бемориҳои хроникӣ авҷ гирифта, онҳо низ боиси оризаҳои гуногун гардида, сабаби фавт шуда метавонанд. Бинобар ин, дар ин лаҳзаҳои ҳассос марги ҳар инсонро ба сирояти коронавирус алоқаманд намудани як идда ҳангомаҷӯён аз рӯйи адолат нахоҳад буд. Сабаби марги ҳар инсонро танҳо духтур муайян карда метавонад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин масъалаи нозук эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ дар ин робита бовар накунанд”.

Шаҳрвандон зимни пайдо шудани суол ва барои дастрасии тавсияҳо оид ба сирояти коронавируси нав, тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба таври шабонарўзӣ фаъолият мекунад, муроҷиат карда метавонанд.

Вазорат аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки “танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намоянд”.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ, аз 1-уми феврал то 13-уми апрели соли равон 7560 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи зикршуда то санаи 13-уми апрел 5724 кас ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1836 нафари онҳо зери назорати карантинӣ қарор доранд. Аз оғоз то имрӯз 326 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба карантин фаро гирифта шуданд, ки айни замон 5 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

Ин вазорат қаблан иттилоъ дода буд, ки 11-уми апрели соли равон сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов – Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид. Ӯ дар Беморхонаи минтақавии «Ӯзбекқишлоқ» дар карантин қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...