Вазорати тандурустӣ: Шаҳрванд Тошев аз бемории дил ва фишорбаландӣ фавтид, на коронавирус

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки 11-уми апрел сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов – Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо ташхиси “бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4” фавтид. Ӯ дар беморхонаи минтақавии “Ӯзбекқишлоқ” дар карантин қарор дошт. Вобаста ба ин, вазорат аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки “ба ҳар гуна хабару […]

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки 11-уми апрел сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов – Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо ташхиси “бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4” фавтид. Ӯ дар беморхонаи минтақавии “Ӯзбекқишлоқ” дар карантин қарор дошт.

Вобаста ба ин, вазорат аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки “ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо коронавируси нав бовар накунанд ва танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ такя намоянд”.

Шаҳрвандон зимни пайдо шудани суол ва барои дастрасии тавсияҳо оид ба сирояти коронавируси нав тавассути телефони 511, ки дар назди вазорат ба таври шабонарӯзӣ фаъол аст, муроҷиат карда метавонанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз 1-уми феврал то 11-уми апрел 7432 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи зикршуда то 11-уми апрел 5530 кас ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1902 нафари онҳо зери назорати карантинӣ қарор доранд.

Омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба эҳтимоли хуруҷи коронавирус

Бегоҳи 10-уми апрел таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор шуд.

Дар ҷаласа омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла, бистарӣ ва табобат кардани сироятёфтагон, тақвияти назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъмини духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, афзоиши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва масъалаҳои дигар баррасӣ шуданд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, айни замон Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба реҷаи фаъолияти омодабоши сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳамчун яке аз муассисаҳои провизорӣ барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавируси COVID-19 муайян карда шудааст.

Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо тамоми иқтидораш, инчунин Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” (Қарияи боло) низ барои ҷойгир кардани гумонбарони сирояти коронавирус омода карда шудаанд.

“Дар маҷмӯъ, 3150 кати табобатии нав барои сироятёфтагон тайёр карда мешаванд. Ин ҳадди ниҳоӣ набуда, вобаста ба ҳолати пешомада боз катҳои иловагии нав ҷудо хоҳанд шуд”, – хабар медиҳад вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?