Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба эҳтимоли хуруҷи коронавирус омода мешаванд

Бегоҳи имрӯз, 10-уми апрел таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор шуд. Дар ҷаласа омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла, бистарӣ ва табобат кардани сироятёфтагон, тақвияти назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъмини духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, афзоиши корҳои […]

Asia-Plus

Бегоҳи имрӯз, 10-уми апрел таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор шуд.

Дар ҷаласа омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла, бистарӣ ва табобат кардани сироятёфтагон, тақвияти назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъмини духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, афзоиши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва масъалаҳои дигар баррасӣ шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ, айни замон Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба реҷаи фаъолияти омодабоши сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳамчун яке аз муассисаҳои провизорӣ барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавируси COVID-19 муайян карда шудааст. Дар ҳолати зарурат мувофиқ ба имконияташ гумонбарон дар ин дармонгоҳ ҷойгир мешаванд.

Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо тамоми иқтидораш, инчунин Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон – “Шифобахш” (Қарияи боло) низ барои ҷойгир кардани гумонбарони сирояти коронавирус омода карда шудаанд.

“Дар маҷмӯъ, 3150 кати табобатии нав барои сироятёфтагон тайёр карда мешаванд. Ин ҳадди ниҳоӣ набуда, вобаста ба ҳолати пешомада боз катҳои иловагии нав ҷудо хоҳанд шуд”, – хабар медиҳад вазорат.

Қобили зикр аст, ки аз 1-уми феврал то  имрӯз, 10-уми апрел 7362 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 5482 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 1880 нафарашон дар карантин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.