Омори пандемия: Фавти беш аз 100 ҳазор нафар аз коронавирус дар ҷаҳон

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар саросари ҷаҳон ба ҳолати 11-уми апрел 102,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ теъдоди сироятёфтагон дар ҷаҳон ба 1 млн 699 ҳазор нафар расид. Дар ИМА беш аз ним миллион, Испания – 158,2 ҳазор, Италия – 147,5 ҳазор ва Фаронса – 124,8 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Тавре Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар […]

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар саросари ҷаҳон ба ҳолати 11-уми апрел 102,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ теъдоди сироятёфтагон дар ҷаҳон ба 1 млн 699 ҳазор нафар расид. Дар ИМА беш аз ним миллион, Испания – 158,2 ҳазор, Италия – 147,5 ҳазор ва Фаронса – 124,8 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тавре Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар медиҳад, давоми як шабонарӯз дар ин ҷо боз 28 ҳолати сироятёбӣ: шаҳрҳои Нурсултон – 1, Алмато – 5, вилоятҳои Атирау – 11 ва Қизилорда – 11 ҳолат сабт шудааст. То имрӯз дар Қазоқистон ҳамагӣ 840 ҳолати сабти коронавирус тасдиқ шудааст.

Дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагони коронавирус 669 нафарро ташкил медиҳад. То ин дам 42 нафар аз беморон шифо ёфта, 3 кас фавтиданд.

Шабонарӯзи гузашта дар Чин 46 ҳолати нави сирояти Covid-19 ба қайд гирифта шуд: 42 ҳолат – воридшуда аз дигар ҷой, 4 ҳолат – дохилӣ (3 дар вилояти Гуандун ва 1 ҳолат дар вилояти Хэйлусян). Давоми шабонарӯз 3 нафар аз коронавирус фавтиданд. Тибқи маълумоти охир, дар Чин ба сурати умум 81,9 ҳазор нафар сироят ёфта, 3,3 ҳазор кас фавтиданд.

Дар ИМА тӯли шабонарӯзи гузашта 2108 нафар аз коронавируси COVID-19 фавтида, шумори беморон ба ним миллион нафар наздик шуд. Тавре Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс хабар медиҳад, 28,7 ҳазор нафар аз беморӣ комилан шифо ёфтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.