Омбудсмени Русия: Тоҷикистон шаҳрвандонеро, ки бояд ихроҷ шаванд, қабул намекунад

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Русия Татяна Москалкова ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст: “Дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд, ки бояд ихроҷ шаванд, вале ҷумҳурӣ сарҳадро баста, онҳоро қабул намекунад”. Москалкова гуфтааст, айни замон онҳо дар марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доранд. “Ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода ва барои бурдани онҳо имконият ҳаст, […]

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Русия Татяна Москалкова ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст: “Дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд, ки бояд ихроҷ шаванд, вале ҷумҳурӣ сарҳадро баста, онҳоро қабул намекунад”.

Москалкова гуфтааст, айни замон онҳо дар марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доранд.

“Ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода ва барои бурдани онҳо имконият ҳаст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо ҳамаи санадҳои интиқоли онҳоро тайёр карданд, аммо давлат сарҳадро баста, онҳоро қабул намекунад”, – овардааст гуфтаҳои ӯро РИА Новости.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин маълумот додааст, ки имрӯз дар Русия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд, ки хоҳиши ба ватан баргаштанро доранд, лекин аз сабаби баста шудани сарҳад ба ин кор имкон надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба вазъи бамиёномада Русия бо сафоратхона ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон доир ба ин масъала гуфтушунид карданист.

Рӯзи 10-уми апрел ҳукумати Тоҷикистон ба вуруд ва хуруҷи ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кард. Дар он роҷеъ ба шаҳрвандони Тоҷикистон сухан намеравад.

Ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст, муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ташкили парвозҳои махсусро баррасӣ кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.