Муҳлати эътибори раводид ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ тамдид мешавад

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, ки бо мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирии сироят ва шуюи коронавируси COVID-19, дар мавриди вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудаанд. “Ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои […]

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, ки бо мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирии сироят ва шуюи коронавируси COVID-19, дар мавриди вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудаанд.

“Ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд. Дар сурати ворид шудани гурӯҳи мазкури шахсон ба Тоҷикистон, онҳо дар маҳалли зисти доимӣ таҳти назорати кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ба муддати 14 рӯз карантин  мешаванд”, – таъкид кардааст ВКХ ҶТ.

Маҳдудиятҳои мазкур инчунин нисбат ба ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд (тибқи тартиби муваққатӣ) ва сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо татбиқ намешаванд.

“Дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст, муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ташкили парвозҳои махсусро баррасӣ кунад”, – тавзеҳ додааст ВКХ.

Тамдиди муҳлати эътибори раводид ва бақайдгирӣ

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳамчунин хабар медиҳад, ки муҳлати эътибори раводид ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки муваққатан дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ тамдид мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои тамдиди раводид метавонанд ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагии ВКХ дар вилояти Суғд ва ҷиҳати тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ба воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКХ ҶТ муроҷиат намоянд.

“Бояд таъкид кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мувофиқи тартиби муқарраршудаи қонунгузории кишвар мавриди баррасӣ ва иҷрои фаврӣ қарор дода мешаванд”, – омадааст дар хабари ВКХ. 

Мушаххасоти тамос:

Сарраёсати консулӣ

шаҳри Душанбе

кӯчаи Пушкин, 34

тел: 227-63-63

e-mail: [email protected]

Намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд

шаҳри Хуҷанд

кӯчаи М. Танбӯрӣ, 5

тел: +992 000104244

e-mail: [email protected]

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ

Қабулгоҳ: 227 55 54

Муовини сардор: 227 17 35

Муовини сардор: 227 86 31

ХШБ дар вилояти Суғд: 927775502

ХШБ дар вилояти Хатлон: 904170808

ХШБ дар ВМКБ: 935028336

ХШБ дар Рашт: 981007112

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.