Тарма роҳи Душанбе-Хуҷандро баст, лекин он базудӣ бартараф шуд

Бориши шадиди борон ва резиши барф, ки пештар дар ин бора КҲФ ҳушдор дода буд, боиси лағзиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб шуд.  Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, субҳи барвақти рӯзи 13-уми апрел дар километри 60-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб барфи шадид борида, ба дунболи он тарма аз баландӣ […]

Бориши шадиди борон ва резиши барф, ки пештар дар ин бора КҲФ ҳушдор дода буд, боиси лағзиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб шуд. 

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, субҳи барвақти рӯзи 13-уми апрел дар километри 60-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб барфи шадид борида, ба дунболи он тарма аз баландӣ сарозер шуд, ки боиси баста шудани роҳ ва ҷараёни рӯдхона гардид.  

Гуфта мешавад, барои бартараф кардани оқибатҳои ин тармарезӣ кормандони ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз”, наҷотбахшони Кумита ва техникаи зарурӣ сафарбар шуданд.

“Бо талоши якҷоя роҳ аз тӯдаву ғарами барф тоза карда шуд ва мошинҳо дубора дар ин самт ба ҳаракат даромаданд, – қайд мешавад дар хабари Кумита. – Барои таъмини бехатарӣ наҷотбахшони КҲФ дар километри 62-юми роҳи Душанбе – Айнӣ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд”.

КҲФ таъкид кардааст, ки то охири ҳафта хатари боронҳо боқӣ монда, лағзиши тарма, резиши санг ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест.

“Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд”, – дархост кардааст Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.