Донишҷӯёни дармонда бо хатсайри махсус аз ИМА ба Тоҷикистон оварда шуданд

Зиёда аз 60 шаҳрванди Тоҷикистон имшаб бо хатсайри махсус аз Вашингтон (ИМА) ба ватан баргаштанд. Парвози ҳавопаймо бо мусоидати Вазорати хориҷаи ИМА ва сафорати Тоҷикистон дар он кишвар ташкил шуд. Дар байни баргаштагон донишҷӯёни барномаҳои амрикоии Флекс ва Фулбрайт ҳастанд, ки дар ИМА таҳсил дошта, бо сабаби пандемия ба ватан баргашта натавонистанд. “Имрӯз бо дастгирии […]

Asia-Plus

Зиёда аз 60 шаҳрванди Тоҷикистон имшаб бо хатсайри махсус аз Вашингтон (ИМА) ба ватан баргаштанд. Парвози ҳавопаймо бо мусоидати Вазорати хориҷаи ИМА ва сафорати Тоҷикистон дар он кишвар ташкил шуд.

Дар байни баргаштагон донишҷӯёни барномаҳои амрикоии Флекс ва Фулбрайт ҳастанд, ки дар ИМА таҳсил дошта, бо сабаби пандемия ба ватан баргашта натавонистанд.

“Имрӯз бо дастгирии Шӯрои амрикоӣ ва шарикон аз ҳукумати Тоҷикистон, мо иштирокчиёни тоҷики барномаҳои мубодилавии The Fulbright Program, FLEX ва Global UGRAD Program-ро истиқбол кардем. Инчунин мо барои бозгашти 20 шаҳрванди Тоҷикистон ба Душанбе, ки бинобар ин бемории дунёгир аз оилаҳояшон дур шуданд, кумак расондем. Хушбахтона, ҳеҷ кас аз байни онҳо нишонаҳои беморӣ надорад, вале чун чораи эҳтиёткорӣ, ҳамаи онҳо дар муддати 14 рӯз дар як муассисаи бехатар карантин карда мешаванд”, – хабар додааст саҳифаи фейсбукии сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Интизор меравад, ки дар бозгашти ин хатсайри махсус шаҳрвандони ИМА, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ба ватан бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз тариқи хатсайри Душанбе – Сургут – Екатеринбург парвоз анҷом дода мешавад. Тоҷикистон ба иҷрои парвози хатсайри SVR8954 иҷоза дод.

Ба шаҳрвандони Русия, ки хоҳиши парвоз аз Тоҷикистон бо ин хатсайрро доранд, тавсия дода шудааст, ки билетҳоро тариқи онлайн ё аз кассаҳои фурудгоҳҳои Душанбе шурӯъ аз соати 12:00 дастрас намоянд. Арзиши пешакии билет – 4500 сомонӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.