Роҳбарияти парлумон маоши якмоҳаи худро ба Фонди мубориза бо COVID-19 гузаронд

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва се муовинаш – Маҳмадалӣ Ватанзода, Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим тасмим гирифтанд, ки маоши якмоҳаи худро ба ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии COVID-19 гузаронанд. Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон як қисми маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва се муовинаш – Маҳмадалӣ Ватанзода, Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим тасмим гирифтанд, ки маоши якмоҳаи худро ба ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии COVID-19 гузаронанд.

Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон як қисми маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб интиқол хоҳанд дод.

Ёдрас мекунем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ музди меҳнати моҳонаи худро ба суратҳисоби мазкур гузаронид. Ҳайати раҳбарии ВКД-и кишвар 50%-и маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб гузарониданд.

Раисони вилоятҳои Хатлону Суғд Қурбон Ҳакимзода ва Раҷаббой Аҳмадзода низ маоши якмоҳаи худро ба хазинаи мубориза бо COVID-19 гузарониданд. Ҳамчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як қисми маоши худро ба ин хазина интиқол медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар бисёре аз вазорату идораҳои Тоҷикистон, бахусус, мансабдорони қаторӣ дар ташвишанд, ки маъракаи гузаронидани маош ба суратҳисоби махсус барои онҳо “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.