Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати расонидани кумаки молиявии яквақта ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 140 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Мукофотпулии 2500 сомонӣ ба ҳар яки онҳо зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон тақдим гардид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Дар вилояти Хатлон шумораи иштирокчиёни ҶБВ – 24 кас ва маъбони ҶБВ – 33 нафар аст.
Дар арафаи Иди Ғалаба аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатманд низ ба ҳамаи онҳо кумакҳои яквақта расонида мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


