ИМА барои мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон $1,69 млн ҷудо мекунад

Марказҳои Иёлоти Муттаҳида оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC/CAR) барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо бемории COVID-19 6,8 миллион доллар, аз ҷумла 1,69 миллион доллар барои Тоҷикистон ҷудо мекунанд. Кумаки мазкур илова ба маблағи як миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки аз ҷониби ЮСАИД барои дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо сар задани COVID-19 […]

Марказҳои Иёлоти Муттаҳида оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC/CAR) барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо бемории COVID-19 6,8 миллион доллар, аз ҷумла 1,69 миллион доллар барои Тоҷикистон ҷудо мекунанд. Кумаки мазкур илова ба маблағи як миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки аз ҷониби ЮСАИД барои дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо сар задани COVID-19 пешниҳод шудааст.

Намояндагиҳои CDC дар Осиёи Марказӣ маблағҳои навбатиро барои рафъи эҳтиёҷот ва камбудиҳои амалие, ки кормандони CDC дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ муайян кардаанд, истифода мекунанд. Ба онҳо хариди лавозимот ва таҷҳизоти лабораторӣ барои санҷиши COVID-19, ташкили тренингҳо барои кормандони тибби давлатӣ, расонидани кумаки техникӣ барои фаъолиятҳои марзбонӣ, инчунин таҳия ва татбиқи протоколҳои клиникӣ дохил мешаванд.

“Мо аз моҳи январи соли ҷорӣ ҳолати COVID-19-ро дар Осиёи Марказӣ бодиққат назорат карда истодаем ва ба ҳукуматҳои минтақа барои дастгирии вокуниш ба авҷи COVID-19 кумаки техникӣ пешниҳод кардем, – қайд намуд директори CDC дар Осиёи Марказӣ доктор Даниэл Сингер. – Ин маблағҳо ба мо имкон медиҳанд, тадбирҳоеро, ки аз ҷониби кишварҳо барои паст кардани паҳншавии вирус андешида мешаванд, тақвият диҳем. Он ба кори деринаи минтақавии CDC дар самти мубориза бо ВНМО ва сил ва омодагӣ ба зукому дигар бемориҳои пандемия асос меёбад. Сармоягузории CDC барои беҳтар кардани амнияти тандурустӣ, омодагии зуд ва самаранок ба таҳдидҳои пайдошуда, аз ҷумла хуруҷи коронавирус замина гузошт. Мо чунин мешуморем, ки ҳамкории мо бо вазоратҳои тандурустӣ аз ҳарвақта дида, муҳимтар аст”. 

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм изҳор дошт, ки “ин кумак ба мардуми Тоҷикистон ва кормандони қаҳрамони тибби он дар рафъи буҳроне, ки дар тамоми гӯшаву канори олам зарар расонидааст, мусоидат хоҳад кард. Сафорати ИМА дар тӯли 20 соли охир ба Тоҷикистон тақрибан 125 миллион доллар кумаки тиббӣ расонидааст, то тавоноии Тоҷикистонро дар вокуниш ба буҳронҳои ба ин монанд афзоиш диҳад”.

Марказҳои Иёлоти Муттаҳида оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC/CAR) аз оғози пайдоиш вазоратҳои тандурустии Осиёи Марказиро тавассути ташкили тренингҳо ва расонидани кумаки техникӣ оид ба амалиётҳои таъҷилӣ ва лабораторӣ, пешгирӣ ва мубориза бо сироят, муоина дар бандарҳои вуруд, иртиботи хавф ва ҷалби ҷомеа, инчунин назорати бемориҳо дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, онҳо ҳуҷҷатҳои роҳнамои техникиро, ки аз ҷониби ташкилотҳои пешбари байнулмилалии тандурустӣ нашр шудаанд, ба забони русӣ тарҷума кардаанд.

CDC таърихи тӯлонии ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ дорад. CDC аввалин дафтари худро дар Алмаато соли 1995 ифтитоҳ кард ва имрӯз дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дафтар дорад. CDC бо ҳар як Вазорати тандурустӣ барои таҳкими лаборатория, назорати бемориҳо ва қувваи корӣ фаъолият мекунад, то кишварҳо пешгирӣ, ошкор ва вокуниш ба авҷгирии бемориҳоро беҳтар кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.