Писари Зайд Саидов озодии падарашро ба гумони аломатҳои коронавирус дархост кард

Хайрулло Саидов, писари собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекунад, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки падараш бемор шуда, аломатҳои ба коронавирус монандро дорад. Ғайр аз ин, бемории захми меъдаи падараш низ хуруҷ кардааст. Дар муроҷиати саҳифаи фейсбукии худ Хайрулло Саидов аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост кардааст, “зиндониёни аз шастсола боло, […]

Asia-Plus

Хайрулло Саидов, писари собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекунад, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки падараш бемор шуда, аломатҳои ба коронавирус монандро дорад. Ғайр аз ин, бемории захми меъдаи падараш низ хуруҷ кардааст.

Дар муроҷиати саҳифаи фейсбукии худ Хайрулло Саидов аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост кардааст, “зиндониёни аз шастсола боло, ки барои ҷомеа ҳеч хатаре надоранд, озод карда шаванд, чуноне ки бархе аз кишварҳо ин корро амалӣ карданд”.

Зайд Саидов айни замон 62-сола аст.

Дар бораи ба беморӣ гирифтор шудани маҳбусон дар муассисаи ислоҳии Ваҳдат “Азия-Плюс” қаблан ҳам хабар дода буд.

Охири моҳи апрел беш аз 20 нафар маҳбусон ба қисми тиббии ин муассиса бо таби баланд бистарӣ шуданд. Зимни муоина маълум шуд, ки сабаби баланд шудани таб дарди гулӯ будааст.

“Ин маҳбусон рӯзадор буда, ҳангоми ифтор оби хунук нӯшиданд ва пас аз он ба ин беморӣ гирифтор шудаанд”, – иброз дошта буд ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Порис боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат пазируфт. Корхонаҳое, ки пурра ё қисман ба ӯ тааллуқ доштанд, мусодира  ва миллӣ карда шуданд.

Охири моҳи декабри ҳамон сол ӯ ба ҷурми қаллобӣ, порагирӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Моҳи августи соли 2015 Суди олии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷатҳо дар сохтмони бинои маҷмааи “Душанбе Плаза” ва ғайриқонунӣ хусусигардонии иттиҳодияи “Тоҷикатлас” замони вазири саноат буданаш муҳлати ҷазои ӯро то 29 сол дароз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.