Интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон барқарор шуд

Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алҳол дар ҳаҷми начандон зиёд ва танҳо тавассути ду хатти 220 киловолта ҷараён дорад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори энергетикии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ояндаи наздик бо истифода аз хатҳои 500 киловолтӣ интиқоли барқ ба Ӯзбекистон бамаротиб зиёд мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, то ҳол ду ҷумҳурӣ дар […]

Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алҳол дар ҳаҷми начандон зиёд ва танҳо тавассути ду хатти 220 киловолта ҷараён дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори энергетикии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ояндаи наздик бо истифода аз хатҳои 500 киловолтӣ интиқоли барқ ба Ӯзбекистон бамаротиб зиёд мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, то ҳол ду ҷумҳурӣ дар масъалаи нархи барқе, ки ҳамсоякишвар аз Тоҷикистон мегирад, созиши ниҳоӣ ҳосил накардаанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта дар робита ба фарорасии мавсими сармо ва бо мақсади таъмини талаботи дохилии ҷумҳурӣ, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қатъ гардида буд.

Мувофиқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, давоми сол Тоҷикистон танҳо аз моҳи апрел то моҳи октябр ба Ӯзбекистон барқ интиқол медиҳад, ки дар ин давра талаботи дохилии кишвар пурра бо барқ таъмин мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.