Прокуратураи генералӣ аз ҷазои ҳангомасозон ҳушдор дод

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз муҷозоти шахсоне, ки дар ҷумҳурӣ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанду ҳангома месозанд, ҳушдор дод. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, вобаста ба масъалаҳои паҳншавии овозаҳои бардӯрӯғу ҳангомаҳо атрофи вазъи мубориза бо пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд. “Дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, […]

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз муҷозоти шахсоне, ки дар ҷумҳурӣ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанду ҳангома месозанд, ҳушдор дод.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, вобаста ба масъалаҳои паҳншавии овозаҳои бардӯрӯғу ҳангомаҳо атрофи вазъи мубориза бо пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

“Дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад”, – таъкид шудааст дар изҳороти матбуотии Прокуратураи генералӣ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, овозаҳои зиёд шудани ҳодисаҳои фавт аз CОVID-19, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ асоси воқеӣ надоранд.

Аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки дар ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, дучор шудан ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин кардани маҳсулоти доруворӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунанд.

Таъкид мешавад, ки ҳамаи арзу шикоят ва пешниҳодоти худро шаҳрвандон тариқи телефони боварии 235-11-11, ки шабонарӯзӣ фаъол аст, баён карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.