ХБА ҷудо шудани $189,5 миллионро ба Тоҷикистон тасдиқ кард

Шӯрои иҷроияи Хазинаи байнулилалии асъор (ХБА) рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард. Бахши робита бо ҷомеаи Хазина хабар медиҳад, ки он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад. Дар Хазина бар ин назаранд, ки […]

Шӯрои иҷроияи Хазинаи байнулилалии асъор (ХБА) рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард.

Бахши робита бо ҷомеаи Хазина хабар медиҳад, ки он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Дар Хазина бар ин назаранд, ки ин кумак ба “пешгирӣ аз ҷиддан бесубот шудани вазъи иқтисод ва ҳаёти одамон, нигаҳдории имконот барои хароҷоти муҳими соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии вобаста ба COVID-19” ёрӣ мерасонад.

“Тавре интизор меравад, ин буҳрон ба оқибатҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боис хоҳад шуд. Айни замон пешгӯйӣ мешавад, ки имсол рушди иқтисод 2% поин рафта, касри умумии буҷет то 7,7% нисбат ба ММД меафзояд”, – қайд кардаанд таҳлилгарони ХБА.

Муовини директори иҷроияи ХБА Тао Чжан изҳор доштааст, ки ноҷӯриҳо дар савдо ва боркашонии нақлиётӣ ба коҳиши босуръати интиқоли пул ва даромадҳои давлатӣ боис гардида, зарурати таъҷилии маблағгузорӣ ба тавозуни пардохт ва буҷет ба миён омадааст.

“Кумаки молиявии ХБА қисми назарраси маблағҳои лозимро барои роҳандозии тадбирҳои зиддибуҳронӣ таъмин мекунад. Барои рафъи норасоии маблағи боқимонда пешниҳоди сармоягузории имтиёзнок ва грантӣ аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ аҳаммият дорад”, – илова кардаанд коршиносони Хазина.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.